Суруди ман

Категория: Поэзия
Сурудам, ман туро дар сина бо уммед парвардам,
Ки акнун дар баҳорн мамлакат нашъунамо бинмо.
Чй қадре ки ҳарорат, оташу озодиат додам,
Ҳамон миқдор поистан насиби туст дар дуньё.
Намудам боварй бар ту ман илҳоми дили худро,
Тамоми ҳиссиёти гарму ашки софи чашмонам.
Агар мирй ту — ман ҳам мрурдаю ғоиб мегардам,
Зиҳй — бо ту ҳамеша зиндаю поянда мемонам.
Фурузондам ман оташ дар сурудам, карда иҷрои
Супоришҳою амри халқи худ ҳам хоҳиши дилро.
Суруди оди ёронро навозиш кардааст афзун,
Суруд додаст умре зарбаҳои сахт бар аъдо.
Ба хурсандии ношоистаю иқболи норавшан
Муқобил мебароям ман, ба онҳо ннз механдам.
Сурудам бо ҷаҳони ҳиссиёту бо ҳақиқатҳост —
Қи баҳраш зинда ҳастам, дар ҷадалҳо ҳам барӯмандам.
Дили ман бо нафасгирни охир дар ҳаётн худ
Ба ҷо меоварад савгандро, кн ёд кардаст он:
Ҳамеша бар днёрн хеш шеърам тӯҳфан ман буд,
Кунун бо сарбаландй аз барояш медиҳам ман ҷон.
Сурудам дар сурудам файзу ҳусни навбаҳоронро,
Сурудам ман ба ҷанг аз баҳри мулк омода гардида,
Кунун ман мекунам эҷод шеърн охирини хеш,
Ба фарҳам теғи хунолудаи ҷаллодро дида.
Ба ман ашъорам озодона кору зиндагй фармуд,
Кунун фармояд он ҳамчун мубориз ҷон фидо кардан.
Ҳаёти ман суруде буд, ки оҳанги вай охир шуд,
Садо бидҳад суруди интиқоме гашта марги ман!
1943